БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН АЗ ҒАМХОРИҲО ПАЙВАСТА БАРХӮРДОРАНД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи иду ҷашнҳои давлатиу миллӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба иди Саиди Фитр ба се нафар шахсони эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ ва ба 1 нафар маводи ғизоӣ  кӯмак расонид.

Масъулини ҳизбӣ барои супоридани  кӯмак ба аёдати  онҳо  рафта, бо онҳо суҳбати самимонаву ватандӯстона анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос шуданд.

Баъдан  шахсони ниёзманди ҷомеа  аз  ғамхориҳои ҳизбиён, алалхусус аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда,  зикр карданд, ки  чунин амалҳои  инсондӯстона бори дигар моро ба  зиндагӣ  дилгарм месозад. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg