БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал”-и ноҳияи Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ атрофи дастгирӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди босуботи кишвар ва ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуда, қайд карданд, ки хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон дар ихтиёри худ 14 ҳазор гектар замин дошта, солҳои охир танҳо дар 6 гектар замин боғ бунёд карда шудааст.
Баҳри рушду нумуи ҷангал ва бунёди боғҳои наву замонавӣ роҳбарияти ташкилоти ибтидоиро зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо ба таври васеъ истифода бурда, дар рушди соҳаи ҷангалпарварӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пайваста корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монанд.