ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати дасти сахо дароз кардан ба маъюбону ятимон ва шахсони ниёзманди ҷомеа дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ дар арафаи иди Саиди Фитр дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 10 нафар эҳтиёҷмандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат ва Рӯдакӣ кӯмакҳои моддию молиявии яквақтаина расонид.
Дар охир шахсони ниёзманд аз дастгириву ғамхориҳои навбатӣ арзи сипос карда, иқдомҳои некро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуданд.