КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани симои ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ фаъолона иштирок дошта, гирду атрофи бинои маъмурии ҳизбиро тозаву озода намуданд.
Корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, онҳо ният доранд ҷашнҳои дарпешистодаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.