КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зудамал” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.
Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурада Ахмедов Суҳроб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суҳбат Файзуллоев Алишер изҳор кард, ки пеш аз ҳама моро зарур аст ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии мо дар дасти худи мост. Сарчашмаи асосии рушди давлат низ маҳз аз солим будани шаҳрвандони ӯ вобастагӣ дорад.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки солимии миллат кафолати асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Дар айни ҳол имрӯз дар ҷомеа гирифторони бемориҳои сироятӣ ба амсоли ВНМО/АНМО, Гепотити С ва нашъмандӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ин бисёр ташвишовар аст. Дар ҳамин замина Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ пайваста нишасту вохӯриҳо доир менамояд.