ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ
дар ташкилоти ибтидоии “Идораи пилла” роҳандозӣ карда шуда, дар он Ваҳобиддин Абдуллоев намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф дар баромади хеш атрофидастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки мақсаду мароми ҲХДТ шукуфоиву пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинон мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар якиморо лозим аст, дар ростои ин ҳадафҳои созанда ва ғамхориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ба халқу Ватан хизмат намоем ва фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кунем.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамовозии хешро ба сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат баён намуданд.