Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ангуробод”-и ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Алиев Зафар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, оид ба бунёди мактабҳои замонавӣ, марказҳои саломатию тафреҳӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, варзишӣ ва истироҳатӣ суханронӣ кард. Ҳамчунин қайд карда, ки имрӯзҳо шаҳрвандони дар сафи ҲХДТ шомилбуда тавонистаанд, ки дар ҳама маъракаҳои сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.