БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ТЭТ ҲНИ БА ҲАЛҚИ МО БАДБАХТӢ МЕОРАНД, АЗ ИН БОЯД ДОНИСТ!

ВОКУНИШ. Вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ собит мекунад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як давлат бе ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил номумкин аст. Миллати мо, ки чандин ҳазор сол дар ҷаҳон ҳукмронӣ кардааст, дар ҳазор соли охир таҳти шиканҷаи аҷнабиён қарор дошт. Хушбахтона фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки моро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.

Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллат собит намуд.

Аммо ҳоло ҳам душманони миллати тоҷик ором нашуданд. Ба монанди ТТЭ ҲНИ, Паймони  миллӣ ва Гурӯҳи-24, ки бо тарҳу барномаҳои муғризона мехоҳанд Тоҷикистонро боз мисли солҳои навадум ба майдони хунрезиҳо табдил диҳанд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ (гурӯҳҳои дигари дар боло зикршуда) ва роҳбарашон Кабирӣ хуб медонанд, ки гуноҳашон дар назди миллат хеле вазнин аст. Бинобар ин, ба хотири ҷуброни маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш Кабирӣ маҷбур гаштааст, ки дар байни баҳри беканори хиёнат монад.

Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи ТТЭ ҲНИ хуб ошно гашт ва паёмадҳои талхи онро дар солҳои навадум дид. Маълум гашт, ки он идеология ба ҳалқ ба ҷузъ бадбахтӣ ҳеҷ чиз дода наметавонад.

Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд.

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад ва ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои фоҷеабори миллатро, солҳои пеш гузашта ба амал омада буданд, фаромӯш намекунад.

Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибонӣ аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳанд таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном созанд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар баранд.

Мо – тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем.

 

Абдуллоев Абдулҳамид, муовини раиси Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg