БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШВАРҲОИ ҶАҲОН ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОНРО МЕОМЎЗАНД

АНДЕША. Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост он давлат гул–гул мешукуфад.

Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони этирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани саҳти зиндагии мардум, рушд ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Аз таърихи башарият медонем, ки дар марҳилаҳои гуногуни тарақиёт бо ҳар гуна сабабҳо унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор гардида, боиси парокандагӣ ва хатто нобудшавии қавму миллатҳо ва ҳатто давлатҳо шудааст.

Ба миллати тоҷик низ борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид гардидааст. Албатта, ҳар давлату миллат ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунад. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон ба вуқуъ омад, аз як тараф натиҷаи тараққиёти нобаҳангоми иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар буда, аз тарафи дигар омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ ва мансабҳои динӣ  буд. Ин ҷанг  барои хоҷагии халқи кишвар хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва ороми ҳукмфармо бошад».

Рўзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба дастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзанди содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми кишрҳо ва нерўҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Аз ин рў арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ, инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.  Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, қадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз падидаҳои номатлуб -  ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа мебошад.

Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолитяти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳмияти созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомали Раҳмон гуфтааст: «созишномаи умумӣ аз лиҳози  аҳамияти фавкулоддаи худ бо эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистанд. Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

 

Абдулҳаев Абдухалил-узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg