БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҲО ДАР ҲАМБАСТАГӢ МО МЕТАВОНЕМ САТҲИ КОРРУПСИЯРО ДАР КИШВАР КОҲИШ ДИҲЕМ!

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сироятӣ” мулоқот доир карда шуд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин изҳор кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намудаанд: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб равад ҳам, аммо ин ишораи Пешвои миллат ба аҳли ҷомеа ҳидоятгару роҳнамо буда, вазифаи моро дар роҳи мубориза бо ин амалӣ нангин муайяну мушаххас мекунад.

Дар охир муҳим арзёби гардид, ки роҳандозӣ намудани чорабиниҳо ва ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни шаҳрвандон ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.

Мулоқот дар фазои тантанавӣ бо супиртани Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аъзои фаъоли ҳизб ба охир расид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg