БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ ХАЙРУ НАҶИБИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ дар арафаи иди Саиди Фитр аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Ҷайҳун Аксияи ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид.

   Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастаги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии Сомонӣ ва соҳибкори маҳаллӣ Муҳридинов Ҳабибулло ба 650 нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманд маводҳои ғизоӣ кӯмак расониданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва хусусан Пешвои миллат қарор дорад ва дар ин самт аз ҷониби шахсони саховатпеша дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Шахсони эҳтиёҷманд барои дастгириҳо миннадорӣ баён карда, иқдоми неки соҳибкори маҳаллиро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg