А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон-2»-и деҳаи ба номи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатут бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар амалишавии корҳои ободонӣ рохбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок ва дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуда, мардумро ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ даъват карданд.
Баъдан дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи байни деҳаи мазкур, ки солиёни дароз рӯи таъмирро надида буд, дастаҷамъона зиёда аз 3 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.