ХОВАЛИНГ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Чашмабедак”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ зимни суҳбат доир ба пешниҳодҳои нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар хуб пазируфта, гуфтанд, ки барои рушди деҳа, эҳё ва густариши ҳунарҳои марумӣ аҳлона меҳнат менамоянд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ба яке аз китобхонаи муассисаи таълимӣ як миқдор китоби бадеӣ туҳфа карда шуданд.