ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии мазкур дар доираи ин Аксия дар арафаи иди Саиди Фитр ба 3 нафар ятими кулли ноҳия дар ҳаҷми 200 сомонигӣ ҷамъ 600 сомонӣ кӯмаки пули расонид.
Дар рафти чорабини мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамад Бекмамадов иштирок намуда, зимни баромади хеш иброз дошт, ки анҷом додани корҳои хайру сахо ба ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманду барҷомонда яке аз рукни муҳими моҳи шарифи Рамазон ба шумор меравад
Ҳамчунин Асалмамад Бекмамадов қайд намуд, ки чунин иқдомҳои неку хайрхоҳона аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ бори аввал набуда, шахсони эҳтиёҷманду маъюб, ятимону барҷомондагон, собиқадорону оилаҳои ниёзманд дар мадди назари онҳо қарор доранд.