БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ҲАР ПОРАИ ХОКИ ТОҶИКИСТОН ҚАРЗӢ ФАРЗАНДӢ ВА ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшон-1”-и    ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.                          

Дар чорабинӣ Каримов Пирмаҳмад -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ,  ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи дурусти фарзанд ва беназорат намондани кӯдакон, ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизу ҳаракатҳои номатлуб, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ,  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуд.

Суханрониҳои мавсуф  писанди ҳамагон гардида,  сокинон ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  баён доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg