ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маӽаллаи Абдураӽмони Ҷомии шаӽраки Ӽулбуки ноҳияи Восеъ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар назди ӽозирин намояндаи Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия Иботов Диловар доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, моӽияти қонунӽои миллӣ дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо дар арафаи иди Саиди Фитр муфассал андешаронӣ карда, таъкид сохт, ки дар рӯзи иди Рамазон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ надиҳанд, он маблағҳое, ки дар дастархонороӣ сарф мекунанд, хуб мешуд дар муҳайё кардани шароити рӯзгор ва обод кардани маҳалли зисти худ истифода кунанд.
Дар охир ҳамагон тавсияҳои судмандро якдилона дастгирӣ карданд.