БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ КОРИ НЕКУ САВОБ АСТ!

А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамшаҳр»-и деҳаи Роҳи Сотсиализми ҷамоати деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши ҳизбӣ  намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба  сиёсати хирадмандона ва сафари кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки рӯзҳои наздик бо фаъолон ва зиёиён доир гардид, андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан  ба қадри  ғамхориҳои Роҳбари давлат  ҳидоят  намуданд.

Инчунин,  дар идома дар доираи Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!»,  роҳи деҳа, ки дар натиҷаи зиёд шудани сатҳи оби канал  валангор  гашта,  ба ҳаракати нақлиёт  монеъа эҷод мекард,  тахту ҳамвор ва  сангфарш  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg