ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эмхамадов Қаландар”-и ноҳияи Ҷайҳун доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур Муҳамадҷон Зайдуллоев иштирок карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханрони намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан месозад.
Ҳамчунин дар доираи ин чорабини аз ҷониби ташкилоти ибтидоии болозикр дар арафаи иди Саиди Фитр ба якчанд нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ расонида шуд.