Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти болоии ҳизбро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ, корҳои хайру савобро ба анҷом мерасонад. Ин навбат бо мақсади анҷом додани амалҳои хайру савоб, яъне дасти ёри дароз намудан ба ятимону маъюбон, беморону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дар арафаи иди Саиди Фитр ба як оилаи ниёзманди ҷомеа ва маъюбон кӯмаки молиявӣ расонид.
Чунин амалҳои хайрхоҳона бо ҷалби фаъолон, аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ минбаъд низ идома дода мешавад.