МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “ Лангар»-и ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод мулоқоти ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон дар хусуси моҳияти Паём андешаҳояшро баён намуда, қайд кард, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд муайян карда шудааст.
Мавсуф дар идомаи суҳбат аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъол бошему дар шукуфоии боз ҳам ободу зебо шудани Ватанамон софдилона меҳнат кунем.
Дар навбати худ иштирокчиён гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун қутбнамоест дар роҳи созандагӣ истифода хоҳанд бурд.