ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зулол ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимни ибрози андеша татбиқи барномаҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҷамоати деҳоти Пушинг ва дигар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия, соли хуби захираи деҳқонӣ ва хӯроки чорво, ҷорӣ намудани агротехнологияҳои навин дар соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ, ба роҳ мондани корҳои хайру сахо дар арафаи иди Саиди Фитр дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Баъдан аз ҷониби ҳамагон ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дастгирӣ ёфта, иброз карда шуд, ки бароибоз ҳам рушду тараққиёти Ватан кӯшиш менамоянд.