БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИБАТ ГУРГЗОДА ГУРГ ШАВАД, ГАРЧӢ БО ОДАМӢ БУЗУРГ ШАВАД!

ВОКУНИШ. Ҳодисае, ки санаи 19-майи соли ҷорӣ  соати 2130дар муассисаи ислоҳии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорвти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқеъ дар шаҳри Ваҳдат рух дода ягон фарди солимақлро ором гузошта наметавонад. Ин амали касифи ин ошубгарони хоин  бори дигар исбот намуд, ки ин хоинони беимоне, ки барои ислоҳ шудан дар ин муассисаҳо нигоҳдорӣ  карда мешуданд ибрат нагирифта балки чеҳраи касифи аслии худро нишон дода даст ба куштору ошуб заданд, ки дар ин амали нопокашон дар баробари зиёда аз 30 нафар кушташудагон се корманди маҳбас  низ аз дасти касифи ин хоинони худобехабар ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ  ба таври ваҳшиёна кушта шуданд, ки як нафари онҳо зодаи ноҳияи Муъминобод майор Абдуҷаббор Ҳалимов мебошад, марги ин ҷавони ғурамарг  кули мардуми  ноҳияро андуҳгин  намуд.

Албатта, ташкилкунандагони  ин бетартибӣ ва куштор  аъзои созмони терористию экстремистии  дар қаламрави Тоҷикистон  манъшудаи «Давлати исломӣ», ки  роҳбариашонро бевосита Беҳрӯзи  Гулмурод писари хоини миллат  Гулмурод Ҳалимов  ва ҳамаслаконаш буданд.

          Чуноне, ки мегӯянд:

                                Оқибат  гургзода  гург  шавад,

                              Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Амалҳоеро, ки ин ашхос иҷро кардаанд ягон ҳайвони дарандаи ваҳшӣ ба дигар ҳайвон   раво намебинад.

Оре, онҳое, ки дар домани ин Ватан ва дар паҳлуи ин миллати тамадунофару озодасиришт тавлид ёфтаю ба воя расидаанд, имрӯз халалдоркунандаи оромӣ ва суботи мардум гашта истодаанд ва ба амалҳои  палиди худ мехоҳанд вазъи орому  осудаи кишварамонро  ноором созанд. Худро ҳамчун ҳомиёни дини мубини Ислом мехоҳанд муаррифӣ созанд. Вале ин худобехабарон аз Ислому исломшиносӣ фарсахҳо дур мебошанду бо ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ  тифлакони бегуноҳеро аз меҳри падарӣ дур месозанд, модареро аз фироқи фарзанд  ҷигархун  ва ҳамсареро  аз хонаи обод маҳрум месозанд ва инро барои худ ҷиҳод меноманду бо рафтору равишҳои аҳриманонаи  худ мехоҳанд ба ҳадафҳои нопоки худ муваффақ гарданд.Лекин мардум дигар оне нестанд, ки ба дасисаю иғвоҳои ин курдилон фирефта шаванд.Сокинони ноҳияи Муъминобод ин амали ноҷавонмардонаро қатъиян маҳкум менамоянд.

Марг бар чунин  шахсоне, ки баҳри нооромии кишвар талош меварзанд ва бар қатлу куштори мардуми осоишта  даст мезананд.

Мирзобаротзода Салоҳиддин,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg