БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЯКҶОЯ ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДА, ВАТАН ОБОД МЕКУНЕМ!

АНДЕША. Сафари кории Пешвои муаззами миллат рӯзи 23 майи соли равон ба ноҳияи Дангараи вилояти Хатлон доир гардид, ки аз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, вазъи воқеии ҳаёти сокинони ин ноҳияи таърихӣ, рафти омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллиамон 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани маҳбуби ҳар яки мост, шиносоӣ сурат гирифт.

Бо дасти ҷавонони хайрхоҳи ноҳия аз деҳот ба шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтани деҳоти Пушинг аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвари маҳбубамон ҳамовозӣ ва дастигирии худро пайдо кардаанд. Ҷавонони Ватани азизамон, ки пайравони асили Пешвои миллатамон мебошанд, бори дигар бо бунёди иншоотҳои хурду миёнаи дорои аҳамияти муҳим барои хизматрасонии ҳудуди деҳот, собит карданд, ки барои истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиамон бо нангу номуси баланди ватандорӣ софдилона саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои миллатамон бори дигар ҷиҳати таъмини рушди босуботи бахшу соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатамон, аз ҷумла ба вазъи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаи иқтисодиёти кишварамон таваҷҷуҳ махсусзоҳир карданд, вазифагузорӣ намуданд ва ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Д.Шукруллозода, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳияи  Кӯшониён                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg