БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАР РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР ЗИЁДАРАВИЮ ИСРОФКОРӢ НАКУНЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Театри вилоятӣ”  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур масъулини ҳизбӣ иштирок дошта,  доир ба ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат, иҷрои амалҳои хайру савоб дар арафаи  иди Саиди Фитр ва ғайра ибрози назар карданд.

Инчунин,  дар идомаи суҳбат  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оид ба гирифтани пеши роҳи  зиёдаравию  исрофкорӣ дар  рӯзи иди Рамазон  ва дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа, ки яке аз фазилатҳои неки инсонӣ мебошад,  даъват ба амал оварда шуд.

Дар охир ҳамагон  суханрониҳои судманди масъулинро бо дилгармӣ ҷонибдорӣ карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg