Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”-и ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок карда, оид ба сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.