БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ОИЛА БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Парвин” вохӯрӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда  Шамсиддинова Сафармо зимни мулоқот қайд доштанд, ки Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро кафолат медиҳад. Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои ҳам давлат, ҳам ҷамъият, ҳам муассисаҳои таълимӣ ва ҳам шаҳрвандон зарур аст. Зеро ободии оила бақои давлат аст ва солимии он барои бунёди давлати соҳибтамаддун ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир накши назаррас дорад.

Дар охир  гуфта шуд, ки  худб мешуд ҷавонон дар оиладоршавӣ ва муносибатҳои оиладорӣ аз шахсони калонсол ва рӯзгордида маслиҳат гиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg