ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Маркази омӯзиши қаннодӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ Мардонова Сайёра корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки ҳунар ганҷи бебаҳо буда, барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ бояд ҳар чи бештар занонону духтарони хонашинро ба касбомӯзӣ ҷалб намоем, то ин, ки дар оянда зиндагиашонро аз рӯи ҳунарҳои омӯхтаашон пеш баранд.
Баъдан аз ҷониби иштирокдорон андешаҳои мавсуф бо хушнудӣ пазирфута шуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки дар ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои миллӣ бештар кӯшиш хоҳанд кард.