БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ НИЁЗМАНДОНРО ГИРИФТАН КОРИ ХАЙРУ САВОБ АСТ!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корвонгузар”-и ноҳияи Ҷайҳун атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

         Дар рафти чорабинӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон атрофи масъалаҳои дар боло зикршуда муфасал суханрони намуда, иброз дошт, ки моҳи шарифи рамазон беҳтарин айёми анҷом додани амалҳои хайру савоб, яъне дасти ёриву меҳрубонӣ дароз кардан ба шахсони муҳтоҷ ва оилаҳои камбизоат мебошад.

Дар охири чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Корвонгузар” дар якҷояги бо фаъолони деҳа дар арафаи Иди Саиди Фитр ба 4 оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ расонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg