БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО РЕШАКАН КАРДАНИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Бо кормандони бонки Амонатгузории ноҳия оид ба  мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони мақомоти молия , андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ  суҳбат доир карда  шуд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва Ҷалолиддин Қаюмов дар ин суҳбат иштирок намуда,  онҳоро бо  камбудию норасоиҳое, ки дар фаъолияти бонкҳо, аз ҷумла бонкҳои Амонатгузорӣ ҷой дорад ва дастуру супоришҳое, ки  аз  суханрониҳо бармеояд, шинос намуд.

 Баъдан аз ҷониби сардори бонки Амонатгузорӣ Абдусаттор Раҳмонов  қайд карда шуд, ки вохӯрии  Пешвои миллат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор дода шудааст, мо масъулини соҳа  иҷрои  дастуру супоришҳои  Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти  ҳаррӯзаи худ намудаем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg