БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲОТ РӮ БА РУШД НИҲОДААСТ

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Чилатош” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  гузаронида шуд.

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон доир ба коррупсия омили нангин ва хатарноки ҷомеа,  баргардонидани 84 нафар ноболиғ аз давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 19,05,2019 рух дода буд ва пешгирии оростани дастархони маънавӣ дар рӯзи иди Рамазонро мавриди  баррасӣ қарор доданд.

Баъдан чанде аз иштирокдорон нисбати андешаҳои зикргардида  ба сухан баромада, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба манфиати сокинони кишвар ва ободии Ватан  равона карда шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.

Вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи деҳа, ки солиёни дароз рӯи таъмирро надидаву ба рафту омади сокинон монеъа эҷод мекард, аз нав таъмир карда шуд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg