КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ дар арафаи иди Саиди Фитр Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоии “САҲШ”-и ноҳияи Кушониён ба аёдати яқ қатор ашхоси ниёзманди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифта, дар и н рӯз б аонҳ маводҳои ғизоӣ кӯмак расониданд.
Масъулин зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Шахсони эҳтиёҷманд барои дастгириҳои ҳизбиён миннадорӣ баён карда, иқдоми неки онҳо давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.