ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл дар ташкилоти ибтидоии «Саргаҳ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбати муфид роҳандозӣ карда шуд.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки қонунҳои дар боло зикршударо риоя намуда, насли ояндасози Ватанро ба воя расонем, то ин ки онҳо номбардори давлату миллат гарданд.