ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дарқад бо иштироки бештар аз 150 нафар сокинон корҳои дастаҷамъонаи созандагиву ободониву доир гардид.
Иштирокдорон дар тоза намудани даромадгоҳи ноҳия, ки симои ноҳияи Фархорро инъикос мекунад, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар оянда низ чунин иқдомҳои неку наҷиб аз ҷониби ҳизбиён идома дошта, сокинон аз рушду пешрафти Ватан сарфарозанд.