ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорбаинии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ваҳш иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба корҳои ободониву созандагӣ ва хайру сахо дар арафаи Иди Саиди Фитр раҳнамоӣ намуд.
Дар охир ҳамагон суханрониҳои судманди масъулини ҳизбиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як қатор корҳои ободониро анҷом доданд.