БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ТАШАББУСКОРИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии «Орзу»-и деҳаи ба номи  Сайф Раҳимзоди Афардии ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир  гардид.

Дар мулоқот  қайд карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ин таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ рушди соҳаи  кишоварзиро  масъалаи ҳаётан  муҳим арзёбӣ  намуда, изҳор доштанд, ки «Ҳадафи  стратегии дигар, ки ба таъсиси  ҷойҳои  корӣ ва афзун гардонидани  иқтидори  содиротии кишвар  таъсир мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».

Дар охир дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар ин раванд шахсони хайрхоҳу ватандӯст  ният доранд, ки дар рӯзҳои наздиктарин як қисми роҳҳои дохили деҳаро сангфарш намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg