БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙКИ ОБОДИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ҚАДАМҲОИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Булёни поён”-и ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши ҳизбӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, аз ҷумла татбиқи барномаҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинг ва дигар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ҷорӣ намудани агротехнологияҳои навин дар соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ, ба роҳ мондани корҳои хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат ҳамагон аз суханрониҳои таъсирбахши  мавсуф  руҳу илҳоми тоза гирифта,  сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукуматро дастгирӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg