БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ ҶИДДИ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ!

ВОКУНИШ. Дар шароити шиддатёбии вазъи ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгарої) ќисми таркибии барномаи таъмини амниятӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Дар замони ҳозира, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмўъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунад. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда, истодаанд.

Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аммо ҳастанд гурўҳҳо ва ашхосе, ки намехоҳанд, кишвари мо ободу шукуфон гардад ва пешрафтҳои назаррас дошта бошад. Дар чунин як шароити бўҳронӣ бояд мо якдилу якҷон гашта, хоку марзи кишвар ва соҳибистиқлолии Ватанамонро дифоъ намоем. Вагарна як нооромӣ метавонад, боиси пора-пора гаштани кишвар гардад. Душманони миллат аз кўчактарин омилҳо истифода мебаранд, то Тоҷикистонро аз нав ба гирдоби ҳодисаҳои нохуш ва қафомондагию сарафкандагӣ биафкананд. Аммо мардуми шарифи тоҷик аз он ҳама рўзҳои сиёҳ ва нангини миллат сабақи азим бардошта, ҳеҷ гоҳ даст ба амалҳои ношоиста намезананд, шукри Ваҳдату якдилӣ ва якмаромӣ карда, софдилона баҳри осоишу ободии Тоҷикистон хидмат менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Имрўз вазъияти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муборизаи оштинопазир баранд, на бо ҷинояткорони махсусан хавфноке, ки гуноҳашон исбот гардида, ба мақсади сар тофтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар давлатҳои мухталиф паноҳ бурдаанду паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳанд.

Алҳол дар Тоҷикистон мардуми кишвар дар вазъияти сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирўзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилӣ хеле гарон сохтанд.

Баъди Иди Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик рўзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад. Ин ид бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд.

Қурбонов Сайдаҳмад-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg