БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ

ВОКУНИШ.Чи тавре ҳамагон огоҳӣ  доранд, 19 майи соли равон, соати 21, 30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 – и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурӣ,   воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, аз тарафи маҳбусон -  аъзоёни ташкилоти бо ном “Давлати исломӣ”   бо мақсади намураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор намудан аз он бетартибӣ ба амал  омад.

 Роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод писари собиқ полконики хоин Гулмурод Ҳалимов, ки  дар Сурия кушта шудааст, Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Руҳулло буданд.

 Нафарони номбурда аввал се корманди муассисаи ислоҳиро ба таври бераҳмона ба қатл расонида,  8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо ҳам аъзои созмони экстремистию террористии “ Давлати исломӣ” мебошанд, аз тавқифгоҳ (камераҳо)- и ҷаримавӣ озод менамоянд.

Онҳо 5 нафар маҳбус , аз ҷумла Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович ( Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро барои тарсонидани дигар маҳбусон бо баҳонаи шиамазҳабӣ ва худро шайху суфӣ нишон додан бо корд ба қатл мерасонанд

Дар асоси амалиёти ҷавобӣ дар доираи талаботи қонун аъзоёни гуруҳи террористӣ - экстремистӣ  безарар гардонда шуданд.

Ин ҳодисаест  дар шоҳидии садҳо нафар одамон рух дод. Вале роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом дидаю дониста ба ҷоӣи маҳкум намудани гунаҳкорон  Ҳукуматро гунаҳкор мекунанд.

Туҳмат задан, гунаҳкор намудани Давлати Тоҷикистон  ва роҳбарияти он мавзӯи доимии  баромадҳои иғвоангези Кабирӣ ва думравонаш  аст. Сокинони кишвар имрӯз аз об равшантар нияту мақсади нопоки ҳинитиёнро медонанд ва ба суханҳои ғаразонаи онҳо бовар намекунанд.

Европоиён ҳам дигар ба сухани бофтаю сохтаи онҳо боварӣ надоранд, зеро чуноне,ки мегӯянд: “Умри дурӯғ кӯтоҳ аст”

Хушбахт Яъқубов,  узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg