БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ЧУНИН “ПАЙМОН”-ҲОВУ "ОЗОДАНДЕШӢ"-ҲО, КИ МО – ХАЛҚИ ТОҶИКРО БОЗ БА ХОКУ ХУН КАШИДАНИСТ, БЕЗОРЕМ!

АНДЕША. Табиист, ки дар ҳар давру замон дар раванди давлатсозию кишварсозӣ, бахусус он тавъам бо миллатсозию мафкураи миллӣ бошад, касоне ёфт мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита ба он зиддият мекунанд. Ба хотир биёрем таърихи кишварҳои пешрафтаи дунёро, ки онҳо тасмимоти бар фоидаи мардум гирифтаи давлатмардонро низ танқид кардаанду ба онҳо зиддият нишон додаанд... Аммо шарти ин хилофи назарҳо ё танқидҳо агар воқеан аз ҷониби мунаққид ё мухолифе бошад, ки дилаш ба миллат месӯзаду дар замири ӯ ҳисси муҳаббат ба Ватан ҷой дошта бошад, қобили қабул аст. Шояд баъзан ба танқиди ӯ зиддияту ихтилофи назарҳо сурат гирад. Зеро баъзан аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо назардошти манфиати умум чунин тасмимоте гирифта мешавад, ки шояд ба манфиати гурӯҳе ё шахсони алоҳидае мувофиқ наояд. Фикри ғолиб ана ҳамин сабаб боиси ба вуҷуд омадани анҷуманҳое бо ном “озодандеш” мегардад, зеро дар натиҷаи татбиқи тасмимоти бар асоси манфиати умум гирифташуда, манфиати ин гурӯҳи хурд зарар мебинад.

Аммо мунаққид ва ё мухолиф бояд баҳри ислоҳи ба гуфти худашон вазъи ногувори ба вуҷудомада бояд назари беҳтаре ироа намоянд ва мардуму мақомоти давлатиро бо он водор кунад, ки вазъро ислоҳ кунанд, вагарна ба ҳукуматашон ва бар мардумашон зарар хоҳад расид. Аммо он чизе, ки камаш ду даҳсолаи охир дар ин самт мушоҳида менамоем, аз ҷониби бо ном «мунаққидон» ё «мухолифон»-у “озодандешон” танҳо беасосу боасосҳои нокифоя зери танқид гирифтани фаъолияти ҳукумату мақомоту давлатист.

На аз ҷониби ҳизбе, на аз ҷониби ҳаракате ва на аз ҷониби мунаққиду мухолифе, ки бахусус дар солҳои охир дар хориҷ аз ҳисоби ҷавонони беақлу бефаросати сиёсӣ ва тафаккури муайяндошта (дар назар дорам на тафаккури дурусти исломӣ доранд ва на илмӣ) ба вуҷудомада (балкӣ ба вуҷуд овардани шахсони алоҳида) боре надидаму нашунидам, ки чизе илману амалан асоснок пешниҳод гардида бошад.

Ёдам ҳаст, боре намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ дар ҷаласае аз коррупсия дар ҷомеа изҳори ташвиш мекарданду фаъолияти мақомоти давлатӣ, бахусус ҳизби ҳоким, яъне ҲХДТ-ро нокифоя мехонданд. Худро дар нишаст тавре вонамуд мекарданд, ки агар дунёро як рӯз дар ихтиёрашон монем, коррупсияро пурра решакан мекунанд. Ин фазои гарми “мунаққидон”-ро як саволи намояндаи САҲА дар Тоҷикистон мисли он ки дар сарашон як сатил оби хунук рехта бошӣ, хунук карда, ба тамом ҷоғи онҳоро баст. Суол ин буд, ки дигар ҳизбҳои сиёсӣ оид ба  решакан кардани коррупсия дар барномаи амалиашон чи чиз доранд? Мутаасифона, на “мулло”-ҳои ҲНИ, на “ҳуқуқшинос”-они ҲСДТ ва на дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷуз ҲХДТ аз барномаашон ягон чиз наёфтанд. Зеро надоштанд!!!

Ҳамон замон ба хулосае омадам, ки дар Тоҷикистон на мухолифи созанда вуҷуд дораду на мунаққиди ислоҳотгаро. Ин ҳама гуфтаниҳои беҳудаи эшон як мақсаду як ғараз дорад, ки он ҳам бошад дар мардум ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ба ҳукумат. Тамом!!!

Ё гуноҳи дигаре, ки Истаравшанӣ ба гардани ҳукуматдорон бор карданист сатҳнигарии ҳукуматдорон будаасту ин “озодандешон” онро ислоҳ мекардаанд.

Накунад дар замири Истаравшанӣ ва ё хоҷагони ӯ ягон ҷавҳари ноёб нуҳуфтааст, ки ҳукуматдорон ба он сатҳӣ менигаранд? Ё аъзоёни ТТЭ ҲНИ ягон амали хубе барои миллат анҷом додаанд ё боз анҷом доданӣ буданду ҳукуматдорон ба он сатҳи нигаристанду онҳоро аз саҳнаи сиёсӣ дур сохтанд? Ё ҳамин кишварҳое, ки пушти Истаравшанию Кабирию дигарон истодаанд, накунанд ба фикри миллати тоҷик бошанду ҳукуматдорон сатҳӣ ба он нигариста бошанд?

Агар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат барои шумо хоинон сатҳнигарӣ бошад, пас ман ҳам худро сатҳнигар мешуморам ва безорам аз чунин “баланднигарӣ”-ву "озодандешӣ"-ҳоятон, ки халқи ҷафокашидаи тоҷикро боз ба хоку хун мекашад. Мо медонем, ки "озодандешӣ"-и шумо маҳдуд ба қафасҳои хоҷагони хориҷиатон аст.

Қурбонов Файзалӣ,  узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg