БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шифохонаи Даво»-и шаҳри Бохтар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар ҷамъомад атрофи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, моҳияти Паёми Пешвои миллат, баланд бардоштани савияи дониши тиббии кормандони соҳа, пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар дар ҷомеаи имрӯза пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ саҳми кормандони соҳаи тибб муҳим арзёбӣ карда шудааст.
Баъдан роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, зикр намуд, ки мо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон беҳдошти солимии аҳолӣ саҳми арзанда хоҳем гузошт.