БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД АЗ МАЪРАКАҲОИ НАМОИШКОРОНА ДАСТ КАШЕМ!!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нуқра»-и ҷамоати деҳоти Маданият бо иштироки Сулаймонова Лола, мудири шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мавсуф дар ин чорабинӣ оид ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун аз роҳи нишон додани намунаи шахсии волидон андешаронӣ намуда, дар мавзӯъи пешгирӣ аз анҷом додани маъракаҳои пинҳонии дафну азодориву пурдабдаба ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ изҳори назар карда, таъкид намуд ки аз маъракаороии намоишкорона дида, аввал шароити зиндагии худро хубу беҳтар гардонанд ва баъдан ба ятимону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз кунанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg