БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲАИ ОБОД ГУВОҲӢ АЗ СОКИНОНИ БОМАЪРИФАТ АСТ!

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мачитон”-и ҷамоати деҳоти Зафар атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамоиш доир гардид.   

Аз ҷониби намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   зимни суҳбат  доир ба  муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бо коррупсия, ба аҳолии деҳот фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди деҳот, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин оид ба  ҳодисае, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рух дода буд, суханронӣ  карда шуд.

Сокинон дар ростои эълон гаштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи байни деҳаро қисман сангфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg