ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нафтчиён”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим иштирок намуда, аз ҷумла қайд кард, ки моҳи шарифи Рамазон беҳтарин айёми анҷом додани амалҳои хайру савоб, яъне дасти ёриву меҳрубонӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон, беморону шахсони бесаробон, муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Ба ин маънӣ дар як ҳадиси пайғамбари ислом чунин омадааст: — “Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад”.
Дар охири чорабинии ҳизбӣ бо ташаббусу ҳидояти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташкилоти ибтидоии “Нафтчиён” тасмим гирифт, ки дар моҳи Шарифи Рамазон ва арафаи иди Саиди Фитр ба 4 оилаи эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ расонад.