БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕХАТАРИИ МАМЛАКАТ АЗ САРҲАД ВОБАСТАГӢ ДОРАД!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар қисми низомии 0308-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25-умин солгарди Қушунҳои сарҳадӣ  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Назарзода Толиҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта,  сарбозону афсарони қисми низомиро табрику муборакбод гуфта,  ба онҳо бозуи қавӣ, далериву ҷасуриро таманно кард.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки  бехатарии  мамлакат аз  сарҳад вобастагӣ дошта, масъулияти баланди афсарону  сарбозони шуҷоъи Ватан аст,  ки имрӯзҳо мо шаҳрвандон дар фазои  тинҷу ороми кишвар   зиндагӣ дорем.

Дар охир   ба 6 нафар сарбозон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ   тақдим карда шуд.

 

 

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg