БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАР АРАФАИ ИДИ ФИТР ДАСТИ НИЁЗМАНДОНРО ГИРЕМ!

Ховалинг. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Бозори Нур” гузаронида шуд,  дар қатори аъзо  ва ҷонибдорони ҳизб  савдогарону  фурӯшандаҳои бозор иштирок доштанд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Сайҷалол Сатторов дар баромади худ дар оид ба  эълон гардидани солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафи чоруми Ҳукумати кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат, фоидаи сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризму экстремизм,  роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, алалхусус   дастархонороию зиёдаравӣ дар  иди  Саиди Фитр, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд,  андешаронӣ намуд. 

Инчунин,  мавсуф дар моҳи мубораки Рамазон дар асоси ҳидоятҳои Худову Расул ва дар ҳамин асос  дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  паст намудани нарху навои бозор ба таври муфассал 

суҳбат намуд.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷавони бемори бистарӣ, ки пойи равон ва дасти гиро надорад, ба миқдори муайян  кӯмаки  молиявӣ расонида шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg