Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи ҳизб бо сокинони маҳал дар ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»- и ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ҷиҳати роҳандозӣ намудани корҳои хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуда, қайд намуданд, ки тарғиби сиёсати Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ маънои тарғиби ғояҳои давлатдориро дорад. Зеро сиёсати Пешвои муаззами миллат, роҳбари азизу муътабари ҲХДТ ифодагари ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст.