ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ободу зебо гардонидани щар гӯшаи шаҳр ва фаро гирифтани онҳо ба истироҳату фароғат дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониро баргузор намуданд.
Дар амалишавии корҳои ободонӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ватанзода Сайҷаъфар иштирок дошта, як қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ, аз қабили шинонидани гулҳои мавсимию ҳамешасабз, нармкунии бехи гулҳо, обёрӣ намудан ва тоза намудани ҷӯюҳои обгузарро анҷом доданд.
Мақсад аз ташкил намудани чунин корҳои шукуфоӣ ин ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон мебошад.