ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Муборакқадам»-и деҳаи Дарагии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши ҳизбӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гуфта шуд, ки сиёсати инсондӯстона, башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ баргардонида шуданд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат фарзандонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намоем, чунки онҳо дар оянда насли ояндасози Ватан мебошанд.