БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДКИФО ШУДАНИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ҲХДТ МЕБОШАД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолии вилоят”  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ҳамоиши  ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои амали хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву  экстремистӣ ва  моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози назар кард.

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии КИМ ҲХДТ, қайд карданд, ки   аз “Яке аз вазифаҳои асосии ҳизби мо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа аз он иборат аст,  ки ба вусъати бештари раванди ислоҳот дар кишвар, пешрафти устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати он ва муҳимтар аз ҳама, ба худкифо шудани иқтисоди миллӣ мусоидат намояд”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg