БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСЛИИ ҲХДТ РУШДУ ШУКУФОИИ ВАТАН !

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шибанай” оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок  ва суханронӣ  намуд.

Дар рафти  мулоқот  нахуст  суҳбат  атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сурат гирифт. Сипас, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  баргардонидани  84  нафар  ноболиғони тоҷик  аз  давлатҳои ҷангзада андешаҳо изҳор гардиданд.

Дар охир дар доираи  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии 

«Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳи деҳа  ба масофаи  500 метр  сангфарш    карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg